Лаҳзаи аҷиби дидори Трамп ва Путин: дастфишорӣ (НАВОР)

Раисҷумҳури Русия ва ИМА дар рафти дидор дар Хелсинки сахт дастони якдигарро фишурданд
Sputnik

Чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимр Путин ва президенти Амрико Доналд Трапм дар Хелсинки мулоқот карданд. Дидори ҷонибҳо, албатта мавриди баррасии омма гардид.

Корбарони интернет на танҳо мулоқоти сарони кишварҳоро пайгирӣ карданд, балки ба дастфишории онҳо аҳамият додаанд.

Чунончи, Путин ва Трамп на дар аввали мулоқот, балки дар анҷоми дидор дастони якдигарро фишурдаанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэниэл Коутс аз хабари даъват шудани раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Амрико шигифтзада шуд. Ба ӯ хабар доданд, ки раисҷумҳур Путин тирамоҳ ба Вашингтон даъват шудааст.

"Такрор кунед. Гӯшҳоям маро фиреб намедиҳанд? Хуб, аҷиб мешавад", — гуфт вай дар посух, вақте ки ба ӯ дар ин бора хабар доданд.

Ба гуфтаи Коутс, вай дар бораи омодагии Амрико ба даъвати Путин хабар надошт.

Сухангӯи раисҷумҳури Амрико Сара Сандерос хабар дод, ки Доналд Трапм аз Путин даъват кардааст, ки тирамоҳ ба Амрико сафар кунад. Мусоҳибаҳо дар ин бора идома доранд.