Раҳимзода боздошти фирориёнро бо котиби генералии "Интерпол" баррасӣ кард

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 20-уми июл дар шаҳри Боку бо Юрген Шток, дабири кулли “Интерпол” мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода бо Юрген Шток ҷустуҷӯи шахсонеро, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ кардаанд.

“Зикр гардид, ки ба роҳ мондани системаи бонизоми мубодилаи иттилоот барои дастгир намудани шахсоне, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд, мусоидат менамояд”, — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Милисаҳо дар Суғд аз наздикони ҷангиён хостанд, ки онҳоро ба Ватан даъват кунанд

Манбаъ таъкид намудааст, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз фаъолтарин Бюроҳо ба шумор рафта, дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад.

Раҳимзода инчунин дар шаҳри Боку дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилии ИДМ иштирок кардааст.

Зимни ҷаласаи Шӯро, масъалаҳои мубодилаи иттилоот нисбати шахсоне, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳои сеюм дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ иштирок доранд ва муқовимат бо намудҳои нави ҷинояткорӣ баррасӣ гардидаанд.