ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми июл аз боздошти зани 24-сола дар Душанбе хабар додааст, ки дар дуздии маблағи хушдоманаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, боздоштшуда, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, 5 соли пеш даст ба дуздии маблағи хушдоман задааст.
"Номбурда, аз моҳи феврал то майи соли 2013 ҳангоми зиндагӣ дар хонаи хушдоманаш, сокини 58-солаи пойтахт аз ҳуҷраи хоби хушдоман бо роҳи пинҳонӣ 51 ҳазору 330-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар иттилоия.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.