Оғози 185 парванда барои додугирифти ғайриқонунӣ бо доллар

Додситонӣ таъкид кард, ки назорати риояи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро пурзӯр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар кишвар зиёд ҷой доранд.

Тибқи изҳороти матбуотии Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, танҳо дар 6 моҳи аввали соли равон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ нисбати шахсони гунаҳкор 120 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Эълони Бонки Миллӣ дар бораи қурби асъор барои 16 июл

Додситонӣ таъкид кард, ки назорати риояи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро пурзӯр кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран қурби доллар дар кишвар боло рафта, ба 9,43 сомонӣ расид.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо, мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.