Таъсиси ниҳоди нав: Талош барои ҳалли мушкилоти бонкию саргардонии мизоҷон

Ҳукумати Тоҷикистон дар пасманзари мушкили бонкҳо ва мизоҷонашон ниҳоди нав - Шӯрои миллӣ оид ба муътадилии молиявиро таъсис дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои миллии ҷадид, ниҳоди доимамалкунанда буда, хатару таҳдидҳои низоми молиявиро ошкор ва барои коҳишу пешгирии ин хатарҳо талош хоҳад кард.

БМТ таҳдид дорад иҷозатномаи ду бонки бузургтарини ҶТ-ро бозхонд намояд

Ҳукумат таъкид намудааст, ки Шӯро ниҳоди машваратии байнисохторӣ буда, аъзояш бояд бомасъулият, ошкору шаффоф ва самаранок фаъолият кунанд, то муътадилӣ дар соҳаи молиявӣ барқарор шаваду хатарҳои минбаъда ҷилавгирӣ гарданд. Дар назар аст, ки Шӯрои ҷадид вазъро омӯхта, ба ҳукумат барои танзими соҳа машваратҳо ироа кунад.

Таъсиси ниҳоди нав дар ҳолест, ки солҳои охир низоми бонкӣ дучори мушкил буда, бисёре аз сокинони кишвар наметавонанд маблағашонро аз бонкҳо дарёфт намоянд.