Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои гарм то 20 июл идома меёбад

Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик, ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 20 июл боқӣ мемонад. Ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон эҳтимол то 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 44, шаҳри Душанбе 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 37 дараҷа гарм шавад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +41+43 дараҷа гарм мешавад.