Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ҳамкориҳояш бо Эрон дар сатҳи боло қарор дорад

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид кардааст, ки беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоли иҷро мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Неъматуллоҳ Имомзода сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуда аст, ки густариши ҳамкориҳо ва бастани тафоҳумномаҳои дуҷониба гӯёи сатҳи олии равобит байни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон аст, хабар додааст хабаргузории ИРНА.

Ба гуфтаи Имомзода дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба дар ҳоли иҷро мебошанд.

Сафир таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон ҳамеша омода аст.

Вай афзуд, дар чанд соли гузашта миёни Тоҷикистону Эрон қарордодҳо дар соҳаҳои гуногун, ба хусус созишномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ баста шудааст.