Марги зан бар асари ҳавои гарм дар Тоҷикистон

Ҳавои гарм сабаби марги як сокини рустои Сурхоби ноҳияи Фархор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Зуҳри 14-уми июл Сайдинисо Шоҳмирзоева, аз сокинони рустои Сурхоби ноҳияи Фархор зимни кор дар мазрааи кишоварзии хонаводагии худ даргузашт, гузориш медиҳад "ParsToday"

Наздикони Сайдинисо иллати ин ҳодисаи маргворро дар дамои болои ҳаво рабт додаанд.

Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои гарм то 20 июл идома меёбад

"Пизишкон ҳам ин фарзияро таъйид кардаанд, ки қалби ин зани тоҷик бар асари шиддат гармо аз тапидан бозмондааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, рӯзи ин ҳодиса дамои ҳаво наздик ба 45 дараҷа болои сифр будааст.

Ин дар ҳолест, ки 5 июл Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар, бавижа беморон тавсия дода буд, ки ба сабаби гармои шадид аз чораҳои эҳтиётӣ ба кор гиранд.