Созиши сарвазирон: Президент тоҷирони тоҷикро ба Тошканд мебарад

Сарвазирони тоҷику узбек созиш кардаанд, ки барои фаъолияти соҳибкорони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар шароити беҳтарро фароҳам мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, 16-уми июл дар шаҳри Фарғона бо ҳамтои узбекистонияш - Абдулло Орипов, барномаи сафари давлатии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, ҷонибҳо аз густариши муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаанд, ки додугирифти мол миёни ду кишвар тайи 6 моҳи аввали соли 2018 нисбати соли пешӣ 35 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар меҳмонӣ чун дар хона: Лағви раводид ба тоҷикону узбекҳо чӣ дод?

Сарвазирон созиш кардаанд, ки барои фаъолияти соҳибкорони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар шароити беҳтарро фароҳам мекунанд.

Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки зимни сафари давлатии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Тошканд  Намоишгоҳи миллӣ-саноатии “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Анҷумани муштараки соҳибкории Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардад. Узбекистон ин пешниҳодро пазируфтааст.

Сарвазирон изҳори боварӣ кардаанд, ки мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон  ҳамкорӣ ва дӯстию бародарии халқи ду кишварро таҳким мебахшад.