Ректори донишгоҳи Тоҷикистон ба асардуздӣ муттаҳам шуд

Шукрулло Хайрзода, ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ба асардуздӣ айбдор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Пойгоҳи русии "Диссернет" ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шукрулло Хайрзодаро ба плагиат ё асардуздӣ айбдор кард.

"Диссернет" мегӯяд, Хайрзода рисолаи номзадиашро дар бораи "Таҳаввули бонкҳои исломӣ ва нақши онҳо дар истиқрори муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба камиаш аз панҷ олими рус бидуни ишораи манбаъ рӯбардор кардааст.

Пойгоҳи "Диссернет" дар хулосааш менависад, ки Шукрулло Хайрзода рисолаи илмиашро бидуни зикри манбаъ ва номи муаллиф аз асару рисолаҳои олимони рус, аз ҷумла аз рисолаҳои Екатерина Мирошник дар бораи "Бонкҳои исломӣ дар сохтори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои исломӣ" рӯбардор намудааст.

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи "Диссернет" нишон додааст, ки бархе аз асарҳои олимони рус дар рисолаи Хайрзода саҳифа-саҳифа рӯбардор шуда, аммо номи манбаъ танҳо дар як ҷой ишора шудааст.

Бунгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кард

Хайрзода ҳамчунин ба мақолаи Мадина Калимуллина ишора намудааст, аммо баъдан ҳафт саҳифаро рӯбардор намуда, бидуни тағйири матн дар Интернет бо номи "Коғазҳои қиматноки шариатӣ ё усулҳои фаъолияти бонкҳо дар кишварҳои исломӣ" интишор кардааст.

Чанд саҳифаи дигарро муаллиф аз таҳқиқҳои Хазинаи байналмилалии пул гирифтааст. Вай мақолаҳо дар бораи "Навъи бонкҳои исломӣ" ва бозори қарзии маблағгузории исломӣ дар соли 2012-ро рӯбардор кардааст.

Дар рисолаи Хайрзода аҷиб ин аст, ки Мирошник ва Калимуллина ҳамчун муаллифони рисола дар бораи бонкдории исломӣ ёд мешаванд, аммо рӯбардор намудани ҷумлаҳо аз рисолаҳои онҳо ишора нашудааст.

Зимни таҳқиқ муайян шуд, ки аз 140 саҳифаи рисолаи Хайрзода танҳо 60 саҳифааш рӯбардор нашудааст.
Шукрулло Хайрзода соли 2015 барои ин рисолааш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ — мӯътабартарин ҷоизаи илмии Тоҷикистонро дар бахши илмҳои иқтисодӣ ба даст оварда буд.

Шукрулло Хайрзода соли 2018 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шуда буд.