ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, панҷ кӯҳнаварди тоҷик дар доираи барномаи бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ, қуллаи Карл Марксро, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Бадахшон дар баландии 6 ҳазору 723 метр ҷойгир аст, фатҳ намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ ташкилкунандаи ин экспедитсия ширкати сайёҳии «Mountain Adventure Travel Tajikistan» будааст.
"Ташкилкунандагон хати ҳаракатро бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг намуда буданд",- тавзеҳ дод кумита.
Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки Шаъбон Яфталиев, корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин сафар амнияти кӯҳнавардонро бар ӯҳда дошта, онҳоро ҳамроҳӣ кардааст.
"Панҷ кӯҳнавард қуллаи Карл Марксро фатҳ намуда, айни замон дар тараддуди поин омадан аз қуллаи фатҳшуда мебошад", —афзудааст манбаъ.