Вокуниши Қодиров ба хабари қатлу таҷовузи занони чечен аз сӯи Толибон

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон қатлу таҷовузи террористдухтарони чеченро дар Афғонистон аз сӯи толибон дурӯғ хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Қодиров бо нашри як изҳорот дар саҳифаи Telegram изҳор доштааст, ки “Хома пресс” ин хабарро бо такя ба манбаъҳои беном дар артиши Афғонистон нашр кардааст. "Манобеъ дар артиш ин хабарро аз қавли сарчашмаҳои дигари беноми маҳаллӣ пешниҳод кардаанд", - изҳор доштааст раисиҷумҳури Чеченистон.

Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки ҳадафи хабар зеҳниятсозие мебошад, ки гӯиё чеченҳо дар Афғонистон ҳузур доранд.

“Яъне, агар занон дар он ҷо бошанд, пас дастаҳои ҷангиёни чечен низ  ҳузур доранд. Ин хабари бардурӯғ кори дасти нерӯҳои коаллитсонӣ ё шогирдони маҳаллияшон мебошад”, - хулоса кардааст Қодиров.

Толибон занони доишӣ аз Узбакистон ва Чеченистонро таҷовуз ва қатл карданд

Ахиран расонаҳои Афғонистон аз қавли манобеъ дар артиши миллии Афғонистон иттилоъ доданд, ки аъзои гуруҳи мамнӯи Толибон  дар Ҷузҷон занони узви созмони террористии “ДИИШ” аз Чеченистон ва Узбекистонро  асир гирифта, таҷовузу қатл кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  байни ду гурӯҳ барои нуфуз дар Ҷузҷон муборизаи шадид идома дорад ва дар пайи бархӯрди ахир 12 ҷангии “ДИИШ” кушта ва 33 тан маҷруҳ шудаанд.

Ҳамзамон дар Афғонистон муқобилияти нерӯҳои ҳукуматӣ бо "Толибон" идома дорад. Гуфта мешавад, ки нуфузи  созмони террористии “ДИИШ” низ дар ин кишвар майли афзоиш дорад.