ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Роҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоировро дар Алмато ғорат кардаанд.
Дар ин бора, сиёсатмадор дар як баёния дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, қазия 11-уми июл дар Алмато рух додааст.
"Ёздаҳуми июл, аз соатҳои 09:42 то 09:45 дар назди истгоҳи Автовокзали Алмато афроди номаълум як бастаи калони манро дуздиданд", — изҳор доштааст вай.
Ба гуфтаи вай, дар дохили баста либоса, китоби зиёд, дастгоҳҳои электронӣ, ҳуҷҷатҳои додгоҳ ва дафтари ёддошт дошт.
Раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз шоҳидони ҳодиса хоҳиш кардааст, ки ба ивази подош ба вай хабар диҳанд. Аз роҳзанон дархост кардааст, ки лоақал ҳуҷҷатҳои дар сумкааш бударо баргардонанд.