Шутури Мария пас аз пешгӯиҳои дурусташ аз бозиҳои Русия-Арабистони Саудӣ ва Уругвай — Франсия, ахиран пирӯзии Хорватия бар дастаи Англияро муайян кардааст.
Дар назди Мария ду зарфи пур аз ғизо монданд. Дар зарфҳо номи тимҳои Англия ва Хорватия навишта шуда буд. Мария бечунучаро дастаи Хорватияро интихоб кард.
Аммо шутур Мария ин ягона ҳайвоне нест, ки пирӯзии ин ё он тимро дар Ҷоми футболи ҷаҳон пешгӯӣ мекунад.
Ба маърази Шумо ҳайвонҳои фолбинро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон пешниҳод мекунем, ки натиҷаи бозиҳои Ҷоми футболи ҷаҳонро пешгӯӣ карданд.