Ҳушдори обуҳавошиносон: то 15 июл ҳавои хушку гарм боқӣ мемонад

Тибқи маълумоти Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 15 июли соли равон дар аксари манотиқи Тоҷикистон ғайр аз ВМКБ ҳавои хушку гарм боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво чун рӯзҳои қаблӣ то ба 43 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, вазиши шамол аз самти шарқ то 13-18 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +10+15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.