Далер Кузяев: Аз мушкили қадпастӣ то хосияти авлодӣ ва риояи меъёрҳои Ислом

Адҳам Кузяев, собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистони шӯравӣ, дар бораи писараш-Далер Кузяев, аз чеҳраҳои калидии тими мунтахаби футболи Русия суҳбати муфассал анҷом додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Адҳам Кузяев, собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистони шӯравӣ, дар бораи писараш-Далер Кузяев, аз чеҳраҳои калидии тими мунтахаби футболи Русия суҳбати муфассал анҷом додааст.

Адҳам Кузяеви 53-сола, ки феълан сармураббии бошгоҳи эстонии “Нарва-Транс” мебошад, дар суҳбат бо расонаҳои соҳаи варзиш изҳор доштааст, ки писараш Далер бозии сазовор нишон додааст, аммо муҳим дар ин бозӣ тим мебошад.  

Ба суол, ки чаро Далер, пештар ба бозиҳои Лигаи олӣ напайваст, падараш посух додааст, ки қадпастӣ монеа буд.

Русия дар ҷоми ҷаҳонии футбол чӣ қадар пул кор мекунад

“Вақте мактабро хатм кард, миёни ҳамсинфон аз ҳама қадпаст буд. Ҳатто ба ҳайати дуюми “Зенит” қабулаш накарданд. Ба мудири Академияи футбол гуфтам, ин хосияти авлодиямон мебошад, ки якбора баъди 19-солагӣ қадбаланд мешавем. Бовар накард. Ҳам ман ва ҳам писарам Руслан якбора баъди 19-солагӣ қадбаланд шуда будем. Ҳамчунин бо Далер шуд”, —изҳор дошт собиқ бозингари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Адҳам Кузяев ҳузури тӯлонӣ дар лигаи дуюм баъзан писарашро руҳафтода мекард.

“Оромаш мекардам, ки ташвиш накашад. Кор кунад. Мегуфтам, вақти ту ҳатман меояд. Ҳақ баромадам, қадаш ба 183 см расиду тануманд шуд. Феълан устувору тобовар аст”, —мегӯяд падари Далер.

Дар мавриди майли Далер ба сигору арақнӯшӣ Адҳам Кузяев изҳор доштааст, ки оилаашон мусалмон асту шароб мамнуъ мебошад.

“Анъанаҳоро пос медорем. Баъдан, реҷаи тамринот вазнин асту бозигарон медонанд, ки бидуни риояи реҷа ва тамриноти пайваста ба чизе ноил нахоҳанд шуд”.

Дар мавриди ҳаёти шахсии Далер, падараш гуфтааст, ки волидон ба он дахолат намекунанд.

Мухлиси зеботарини футбол дар Русия - ситораи фаҳшо аст?! (НАВОР)

“Танҳо чизе, ки пайваста талаб мекардем, таҳсилро канор нагузорад. Ӯ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Санкт Петербургро бо ихтисоси мудирияти корхонаҳои давлатию хусусӣ хатм намуд. Феълан дар аспирантура мебошад”, — иттилоъ додааст Адҳам Кузяев.  

Адҳам Кузяев афзудааст, ки бо писари аълохонаш ифтихор дорад.

“Дар шаҳодатномаи хатмаш ҳамагӣ як ё ду баҳои 4 мебошад. Барандаи олимпиадаи шаҳрӣ мебошад ва бидуни имтиҳон ба донишгоҳ қабулаш карданд. Фахр мекунам, ки чунин писар дорам”, —  таъкид кардааст Адҳам Кузяев.

Далер писари Адҳам ва набераи Кабир Кузяевҳо, аз футболбозони Тоҷикистони шӯравӣ мебошад.  Бобояш дар дастаи “Энергетик”-и Душанбе ва падараш дар тими “Шодмон” ва “Вахш”-и Тоҷикистон бозӣ кардаанд.  Далер Кузяев феълан дар дастаи “Зенит” ва тими мунтахаби Русия бозӣ мекунад. Ӯ даъватҳои қаблӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистонро рад карда, изҳор дошта буд, ки бо решаҳои тоҷикистонияш ифтихор дорад, аммо мехоҳад ба тими мунтахаби Русия роҳ ёбад.

Рашид Раҳимов, мураббии собиқи Далер аз бозии ӯ дар ҳайати тими мунтахаби Русия тавсиф карда, изҳор доштааст, ки ин ҷавон аз рақобат наметарсад.

“Мавсимҳои гузашта гуфтам, ки Далер арзандаи даъват ба мунтахаби Русия мебошад. Ҳатто агар дар ҳайати тим бозигарони қавитар аз Далер ҳам бошанд, вай дар канори онҳо рушд хоҳад кард”, — таъкид намудааст Раҳимов.