Дилшод Назаров медали тиллои Гран-Прии Бразилияро ба даст овард

Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи Гран-Прии варзиши сабук дар  Бразилия медали тилло ба даст овард, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқа 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.

"Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Беларус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро гирифтанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар мусобиқа ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд.

Ёдовар мешавем, ки  ин дуюмин  медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл — 8 июн дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ дар шаҳри Чорзуви Полша медали биринҷӣ ба даст оварда буд.