ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии қӯшунҳои марзии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, Тоҷикистону Афғонистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Панҷи поён"-и вилояти Хатлон ва "Тем"-и Бадахшон намояндагии марзӣ ифтитоҳ карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳ, аз Сафорати Бритониё, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар масоили муҳоҷиратии СММ дар Тоҷикистону Афғонистон ва роҳбарияти Қӯшушҳои сарҳадии ду кишвар иштирок доштанд.
Гуфта мешавад,тарҳи бинои намонядагиро Бритониё ва СММ маблағгузорӣ кардаанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки биноҳои мазкур барои намояндагони мақомоти марзии Тоҷикистону Афғонистон бунёд шуда, ба талабҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.