Писари Шералӣ Гул боздошт шуд

Писари собиқ вазири нерӯи Тоҷикистон дар лату кӯби корманди милиса муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Душанбе писари собиқ вазири нерӯи Тоҷикистон Шералӣ Гул —Диловар Гулов боздошт шуд.

 Диловар Гулов ба лату кӯби корманди милиса муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, 8 июл дар шаҳри Душанбе Диловар Гулов як корманди милисаро лату кӯб карда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Дар пайи ин қазия ВУД ҶТ ӯро таҳти пайгард қарор дода, имрӯз дар бораи боздошташ хабар дод.

Хоҳари Моҳира Ятимова: Бобоҷон Шириновро то ҳол аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум накардаанд

Ёдрас мешавем, бори аввал нест, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи боздошт писари Шералӣ Гул хабар медиҳад.

Чунончи, моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки писари 22-солаи собиқ вазир ба иттиҳоми майдавбошӣ боздошт гардид.

Гуфта мешуд, Диловар Гулов ҳамроҳ бо 13 нафар ҷавонону ҳамсолонаш дар тарабхонаи "Галакси" ба майдаавбошӣ даст задаанд.

"Тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи  дар дохили тарабхонаи "Галакси" байни ҷавонон муноқиша ба амал омада, онҳо якдигарро бо суханҳои қабеҳ дашному ҳақорат мекарданд ва ба талаботи кормандони милитсия итоат намекунанд", — тавзеҳ медод ВУД ҶТ.

Сипас гурӯҳи кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 13 нафар ҷавононро ба мақомоти милитсия овардаанд.

Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Миёни боздоштшудагон ҳамчунин домоди собиқ вазири энергетика Дилшод Нурализода низ ҳузур дошт.