ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат масъулинро муваззаф кардааст, ки савдоро дар кишвар осон намоянд.
Тибқи қарори имзокардаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, масъулини давлатӣ бояд бар асоси нақша саргардонию давутози тоҷиронеро, ки ба содироту воридот ва транзити мол машғуланд, коҳиш диҳанд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки назорат барад то вақту хароҷоти тоҷирон зимни содироту воридот ва интиқоли бор кам гардад ва ҳар шашмоҳа ба ҳукумати кишвар ҳисобот пешниҳод намояд. Вазорату кумитаҳои дигар муваззаф шудаанд, аз иқдоми анҷомдодаашон дар самти осон кардани кори тоҷирон ба Вазорати рушди иқтисоду савдо гузориш ироа намоянд.
Ҳадафи қарор густариши савдои хориҷӣ ва осон кардани фаъолияти тоҷирон дар кишвар арзёбӣ мешавад.