Бо ҳаяҷону умедворӣ: чигуна дар Душанбе тими Русияро мухлисӣ карданд (НАВОР)

Русия дар давраи чорякфиналӣ бо Хорватия ба майдон баромад, аммо мутаассифона дар дақиқаҳои охирони бозӣ тими Хорватия пирӯзиро аз Русия кашида гирифт ва бо ҳамин роҳи даста ба давраи нимфиналӣ баста шуд
Sputnik

Дар маркази Душанбе мардуми зиёде ҷамъ омада, бозии тимҳои Русия ва Хорватияро тамошо карданд. Овози мухлисоне, ки Русияро ҳаводорӣ мекарданд, баланд буд. Вақти гол задани футболбозони рус мардум аз ҷой бархоста, хурсандӣ мекарданд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки  футболбозони тими Русия дар давраи чорякфиналӣ аз дастаи Хорватия шикаст хӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Фишт"-и Сочӣ баргузор шуд.

Давраи аввали сабқат бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи аввалро дар дақиқаи 31-ум Денис Черишев ба ҳадаф расонд. Дарҳол голи ҷавобии Андрей Крамарич ба дарвозаи Русия зада шуд.

Дар дақиқаҳои иловагӣ дастаҳо ҳисобро 2:2 баробар карданд. Ҳангоми задани пеналтӣ бозии хорватиҳо барор гирифт.

То лаҳзаҳои охирин футболбозони рус бо ҷидду ҷаҳд ва умеди калон бозӣ мекарданд. Бо далели зарбаи заифи Смолов ва як кӯшиши бенатиҷаи Фернандес Русия аз Хорватия шикаст хӯрд.

Ёдрас мешавем,  дар  Душанбе дар майдони 800-солагии Маскав ҷашнвораи ҳаводорони Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ("Фанфест") ифтитоҳ шудаст.

Ҷашнвора аз ҷониби ФФТ ташкил шудааст. Дар майдони махсус омодашуда сабқатҳои ҷоми ҷаҳон  дар экранҳои калон намоиш дода мешавад.

"Фанфест"- ҷойи хубе барои тамошо ва ҳаводории тими дӯстдоштаи сокинон мебошад. Ҳаводорони футбол метавонанд дар ин ҷо ҷамъ омада, дастаҳои писандидаи худро дастгирӣ кунанд", — менависад дафтари матбуотии ФФТ.