Бо чеҳраи кушоду дастфишорӣ: навор аз мулоқоти Раҳмон бо Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳимму арзишманд арзёбӣ намуд
Sputnik

6 июл дар шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳимму арзишманд арзёбӣ намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифонашадуда омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 9-10 июн дар Синдао баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Узбакистон мулоқот карда буд.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон аввалҳои моҳи сентябр бо сафари давлатӣ ба Узбакистон ташриф орад.