Занозании гурӯҳии донишҷӯёни тоҷику афғон барои 800 рубл дар Русия

Гӯё як донишҷӯи тоҷик аз ҷавони афғон 800 рубл гирифта, бозпас нагардондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар хобгоҳи Донишгоҳи Федералии Урал миёни донишҷӯёни Тоҷикистону Афғонистон занозании гурӯҳӣ сар зад, хабар медиҳад вебгоҳи Ura.ru.

Бино бар иттилои манбаъ, донишҷӯён ду рӯз бо ҳамдигар хархаша кардаанд.

Сабаби нофаҳмӣ байни тоҷикону афғонҳо гӯё 800 рубле гаштааст, ки як донишҷӯи тоҷик аз ҷавони афғон қарз гирифта будааст.

"Ҳамин тавр, ҷавонони афғон кафши яке аз донишҷӯёни тоҷикро гарав гирифта, гуфтаанд, ки пас аз баргардонидани қарз медиҳанд. Дар натиҷа ду гурӯҳ донишҷӯён давоми ду рӯз бо ҳамдигар занозанӣ карданд", — гуфтааст манбаъ.

Пул нагирифтаам: 9 соли зиндон барои напардохтани қарз

Паз аз огоҳ шудани маъмурияти донишгоҳ аз ин қазия Вайсиддин Сироҷов, ки дӯсташро дар ин ҷанҷол "ҳимоя" мекардааст, аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Нисбати донишҷӯёни афғон низ роҳбарияти донишгоҳ ба наздикӣ чораандешӣ хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки 28 июни соли ҷорӣ дар майдони сохтмоние дар шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон ҷанҷоли гурӯҳӣ сар зад.

Ба гуфтаи шоҳидон, коргарон ба сӯи якдигар санг мепартофтанд ва аз калтак истифода мебурданд.

Бино бар маълумотӣ пешакӣ дар ин задухӯрд наздики 100 муҳоҷир ширкат доштанд, ки аз санг, калтак ва арматур истифода мебурданд.

Сокинони маҳаллӣ аз ин ғавғо ба ташфиш омада, ба полис хабар доданд. Аммо замоне, ки кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расиданд, издиҳом алакай пароканда шуда буд.

Баъдан маълум шуд, ки дар пайи ин қазия ду нафар — як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи узбак ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кормандони полис 30 коргари сохтмонро дастгир кардаанд. 26 нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон ва ду нафарашон аз Тоҷикистон мебошанд.

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург нисбати 19 боздоштшуда бо иттиҳоми вайрон кардани қавонини муҳоҷиратӣ суратмаҷлиси маъмурӣ тартиб дода, 11 нафари дигарро ба авбошӣ айбдор кардаанд.