БМТ: вазъи пули миллӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи бахшида ба таъмини фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ эълом намудааст, ки вазъи пули миллӣ дар Тоҷикистон муътадил мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ бахшида ба фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор эълом кардааст, ки вазъи воқеии қурби асъор дар муқоиса ба солҳои қаблӣ муътадил аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк. 

"Ба воситаи сиёсати пешгирифтаи БМТ дар самти асъорӣ, имрӯз имконоте пайдо шудааст, ки то як андоза муътадилии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъмин карда шавад", — таъкид кардааст БМТ.

Бонки миллӣ: арзиши сомонӣ дар соли 2017 нисбат ба рубл 20,8 дарсад коҳиш ёфт

Зимни ҷаласа инчунин Бонки миллӣ барои таъмини устувории қурби пули миллӣ аз тамоми ташкилотҳои қарзӣ хостааст, ки дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монанд ва сиёсати пулию қарзии пешгирифтаро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки барои пешгирӣ намудани фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии асъор аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ гурӯҳҳои доимамалкунанда ташкил карда шудааст. Фаъолияти ин гурӯҳҳои доимамалкунанда барои пешгирии амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ равона шудааст.