Бо пуштибонии Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе "Рӯзи чакандӯзон" ҳам баргузор мешавад

Ҳадафи маҳфил муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал маҳфили "Рӯзи чакандӯзон" баршузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, "Рӯзи чакандӯзон" ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, таҳти сарпарастии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад.

"Ҳадафи маҳфил муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон мебошад", — афзудааст манбаъ.

"Рӯзи чакандӯзон" 7 июл, аз соати 10:00 то 18:00 дар боғи Айнӣ баргузор шуда, сокинони гардишгарон имконихаридории маҳсулоти дасти чакандӯзони тоҷикро доранд.