Варзишкори тоҷик дар Лос-Анҷелес медали нуқра ба даст овард

Ӯ соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Амстердами Ҳолланд сазовори медали биринҷӣ гардида буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадӣ Латипов дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар ИМА сазовори медали нуқра гардид.

Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, 30 июн дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо доир гардид, ки дар он паҳлавони тоҷик Муҳаммадӣ Латифов медали нуқра ба даст овард.

"Муҳаммадӣ Латифов се ҳарифашро мағлуб намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт, вале дар финал бо имтиёзи андак мағлуб гардид. Ин паҳлавони тоҷик солҳои зиёд дар Тоҷикистон зери роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов тамрин мекард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ӯ соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Амстердами Ҳолланд сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

 Латифов ҳоло дар клуби варзишии "Кенианс"-и Амрико таҳти роҳбарии мураббии шоиста Арам Гукасияни арманӣ тамрин мекунад.