Омӯзгорони Тула ба Тоҷикистон мераванд

Аз вилояти Тулаи Русия гурӯҳи омӯзгорон иборат аз муаллимони забони русиву адабиёти рус, риёзиву кимиё ва технологияи иттилоотӣ ба Тоҷикистон равон карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Як гурӯҳ омӯзгорон аз вилояти Тулаи Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, хабар медиҳад Вазорати маорифи вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ,  Ҳукумати Тоҷикистон  омӯзгоронро бо ҷои истиқомат, музди меҳнат ва роҳкиро таъмин хоҳад кард.

Вазорати маорифи Русия тартиби равон намудани омӯзгорон ба Тоҷикистонро муайян намудааст.

Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад

"Тибқи тартиби мазкур, омӯзгоре, ки ба Тоҷикистон равон мешавад, бо Вазорати маориф барои гирифтани моҳонаи муайян, бимаи тиббӣ ва роҳкиро шартнома мебандад", — таъкид кардааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки Русия шумораи омӯзгоронеро, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ба забони русӣ таълим медиҳанд, ду баробар афзоиш медиҳад.

Ҳамин тавр, оғоз аз 1-уми сентябри соли 2018 тақрибан 60 нафар муаллим аз Русия ба таълими донишомӯзони тоҷик шурӯъ мекунанд.