GM Uzbekistan ба 1,3 миллион доллар ба Тоҷикистон худрав содир кард

Ширкати GM Uzbekistan барои рушди ҳамкориҳо миёни Узбекистону Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ширкати GM Uzbekistan, ба маблағи 1,3 миллион доллар ба Тоҷикистон худрав содир намуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти ширкати "Узавтосаноат".

Ширкати GM Uzbekistan барои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон Узбакистон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Қарор аст, ба наздики дар Тоҷикистон боз як салони фурӯши худравҳои Ravon ифтитоҳ шавад.

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, миёни мардуми маҳаллӣ худравҳои сохти Узбакистон ба хотири арзон серхаридоранд.

Пештар ширкати GM Uzbekistan эълон карда буд, ки дар соли 2018 барои харидорон навовариҳои ҷадид ворид хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон салони худравфурушии "Равон" ифтитоҳ шуда, фурӯши худравҳои Damas, Labo, Spark, Сobalt, Gentra и Nexia шурӯъ шуд.