Мирзиёев қарордод дар бораи марзи Тоҷикистону Узбакистонро ба тасвиб расонид

Қонун дар моҳҳои май аз ҷониби палатаи поёнии Маҷлиси Узбакистон қабул гардида, онро вакилони кишвар дар авохири моҳҳои июн ҷонибдорӣ карда буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қонуни тасвиби қарордоди Тоҷикистону Узбакистонро дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ имзо кард.

Қонун дар моҳҳои май аз ҷониби палатаи поёнии Маҷлиси Узбакистон қабул гардида, онро вакилони кишвар дар авохири моҳҳои июн ҷонибдорӣ карда буданд.

Қарордодро раисҷумҳурони ду кишвар дар рафти сафари кории Мирзиёев дар Тоҷикстон ба имзо расонида буданд.

"Қарордоди Тоҷикистону Узбвакистон дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ба тавсиб расад", — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Масофаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон бештар аз 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ бештар аз 20 дар сади хати марзи Тоҷикистону Узбакистон таъин нагардида буд. Дар 25 сол байни кишварҳо дар ин масъала ихтилофи зиёд, аз ҷумла  задухӯрд ба миён меомад.
Ҷонибҳо дар масъалаи кандани минаҳо гурӯҳи кории муштарак ташкил кардаанд, ки то соли 2019 фаъолият хоҳад кард.