Шикасти тимҳои Роналду ва Месси боиси хонавайронии як оила шуд

Бозиҳои ҷоми футболи ҷаҳон сабаби хонавайронии оилае дар Челябинск шуд. Бозии тимҳои Португалия ва Нигерия охирон сабқате буд, ки ин ҷуфт тамошо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июля — Sputnik. Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия далели хонавайронии оилае дар Челябинск шуд, хабар медиҳад Life.

Ҳамсарон мухлиси ашаддии футбол буданд. Онҳо 14 сол зиндагии якҷоя доштанд, аммо дар авҷи мусобиқоти ҷоми футбол бо дархости талоқ ба САҲШ муроҷиат карданд.

Се голи Роналду дар як бозӣ бо тими мунтахаби Испания ӯро машҳуртар кард

Арсен ва Лариса дар рафти ҷоми футболи ҷаҳон-2002 бо ҳам ошно шуда буданд. Ҳар ду ҳам мухлиси футбол буданд, вале яке ҳаводори тими Португалия ва дигаре Аргентина. Арсен футболбози машҳур Мессиро дастгирӣ мекард, Лариса бошад, ҳаводори Криштиану Роналду буд.

Баҳонаи ҷудошавии ин ҷуфт пирӯзии Аргентина бар Нигерия гардид.

Шавҳар шикоят кардаст, ки дигар талху пичингҳои ҳамсарашро тоқат карда натавонист. Ба гуфтаи вай, суханҳои гӯшхароши ҳамсараш нисбати шодиҳои вай аз голҳои Месси косаи сабрашро шикаст.

"Ҳамсарам аз аввали бозӣ ман ва бозингари дӯстдоштаам Мессиро таъна мекард. Ӯ мегуфт, ки Месси дар бозӣ бо тими Исландия ҳатто пеналтӣ зада натавонист. Дар бозии тими Аргентина бо Нигерия бошад, бар қасди ман рақиби тими Мессиро дастгирӣ мекард", — шикоят кардааст ҳасмар.

Як зарбаи нокоми Месси мухлисонро шигифтзада кард (НАВОР)

Ба он нигоҳ накарда, ки на тими Аргентина ва на тими Португалия ба давраи чорякфиналӣ нагузаштанд, баҳсҳои Арсен ва Лариса тамом намешуданд.

Пас аз шикасти  тими Месси, Арсен ба САҲШ рафтааст ва дархости талоқ бо ҳамсараш кардааст.

Ёдрас мешавем, бозии Аргентина бо Исландия, ки 16 июн дар варзишгоҳи "Спартак"-и Маскав баргузор шуд,  бозии "тақдирсозе" барои аргентиниҳо буд. Ҳамлагари даста Месси натавонист, голи 11-метраро ба ҳадаф расонад ва барои тимаш пирӯзӣ биёрад.

Рӯзи якшанбеи гузашта, Португалия дар мусобиқа бо Уругвай ба давраи чорякфиналии ҷоми футболи ҷаҳон роҳ наёфт. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба хотима расид. Тамоми кӯшишҳои Криштиану Роналду барбод рафт ва ҳамин тавр Португалия низ сабқатро тарк кард.