Раисҷумҳур ба донишҷӯе мақоми баланди давлатӣ пешниҳод кард

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба донишҷӯи 23-солаи донишгоҳи Вестминстери Бритониё дар Кумитаи давлатии гардишгарии кишвар мақоми роҳбарикунандаро пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба донишҷӯи курси 3-уми донишгоҳи байналмилалии Вестминстери Бритониё пешниҳод кард, ки муовини раиси  Кумитаи сайёҳии Узбакистон шавад, хабар медиҳад, вебгоҳои UzNews.

Дар ин бора худи раисҷумҳури Узбакистон зимни нишасте дар  Тошканд эълон кардааст.

Донишҷӯи зимни суханронӣ дар назди раисҷумҳур барои рушди гардишгарӣ дар Узбакистон чанд пешниҳоде кардааст. Пас аз итмоми суханрониаш Мирзиёев ба ҷавон офарин хонда, гуфааст, ки чунин ҷавонон сазовори дастгирианд.  Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки ҷавон мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Узбакистонро бар ӯҳда гирад.

Донишҷӯёни тоҷикро ба барномаҳои донишгоҳҳои Русия мутобиқ мекунанд

Роҳбари давлат таъкид кардааст, ки кишвар ба чунин ҷавонони лаёқатманд ниёз дорад. 

Айни замон дар бораи таъин шудани ин ҷавон расман иттилоъ дода намешавад.

Пештар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҷавони 23-соларо ба вазифаи муовини вазири таҳсилоти мардумӣ тайин карда буд.

Алишер Саъдуллоев дар ҷаласаи "Камолот" пешниҳодҳои худро роҷеъ ба дурнамои омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар Узбакистон баён намуд. Роҳбари Узбакистон ба ин ҷавон аҳамият дода ба ӯ имконият дод, ки худро дар вазифаи муовини вазир нишон бидиҳад.

Саъдуллоев он замон ваъда дода буд, ки сатҳи таҳсилоти пеш аз мактабиро то сатҳи ҷоҳонӣ боло хоҳад бурд.