Пирӯзии варзишкорони тоҷик дар сабқати куштии байналмилалӣ дар Душанбе

Дар сабқат куштигирони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Душанбе мусобиқаи куштии юнонӣ байни ҷавонон баргузор шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқа 91 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар 10 вазн бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҳисоби даставӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи аввалро касб намуд. Варзишгарони Ҷумҳурии Узбакистон ҷойи дуюм ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷои сеюмро ишғол карданд.

Дар вазни 51 кг мақоми аввалро варзишкори узбакистонӣ Воҳид Саъдуллоев ба даст овард. Дар вазнҳои 55, 60, 63, 67, 77, 82 кг варзишкорони тоҷик соҳиби ҷойи аввал гаштанд. Дар вазни 97 ва 72 кг варзишкорон аз Қазоқистон соҳиби мақоми аввал шуданд.

Мусобиқа бо иқдоми Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВУД дар ҳамбастагӣ бо Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 6 оид ба намудҳои гуштин доир гардида, як марҳилаи омодагии варзишгарон ба чемпионати Осиё, ки аз 17 то 22 июл дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.