Низоми обтаъминкунии Душанбе таҷдид мешавад

Дар ин бора миёни шаҳрдории Душанбе ва Бонки Осиёи Рушд ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Низоми обтаъминкунии Душанбе таҷдид мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, 29 июн дар мулоқот миёни намояндагони Ҳукумати пойтахт ва бонк дар доираи татбиқи лоиҳаи "Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе" миёни шаҳрдории Душанбе ва Бонки Осиёии Рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Гуфта мешавад, санади мазкур ҳамкориҳои тарафайнро дар доираи Лоиҳаи "Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе" фаро гирифта, дар асоси он барои азнавсозӣ ва таъмири низоми обтаъминкунии пойтахт аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд 41,22 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.

"Ба санад муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва Роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси Бонки Осиёии Рушд оид ба инфрасохтори шаҳрдорӣ Рамола Сингру имзо гузоштанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Конибодом 25 ҳазор нафар бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.

 27 июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.

Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои "Шимоли Тоҷикистон" бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шудааст.

Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои "Шимоли Тоҷикистон" аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара гузаронида шуд.