Занон дар Арабистони Саудӣ бори аввал сари фармони мошин нишастанд

Sputnik

Моҳи сентябри соли гузашта шоҳи Арабистони Саудӣ фармонеро ба тавсиб расонд,  ки мувофиқи он бори аввал дар кишвар ба занон иҷозаи ронандагӣ дода мешуд.

Арабистони Саудӣ пештар ягона кишваре буд, ки дар он занон ба мошинронӣ ҳақ надоштанд. Фармони шоҳ аз 24 июн ҳукми қонунӣ гирифт. Ёдрас мешавем, моҳи май дар Арабистон аввалин намоишгоҳи худравҳо барои занон баргузор шуд.

Намоишгоҳ зери унвони Pinkish (Гулобӣ) ҳамагӣ се рӯз идома кард. Ба ғайр аз тамошои худравҳо, занон тавонистанд, ки бо намояндагони  ширкатҳои мошинфурӯшӣ сӯҳбатҳо карда, дар бораи шартҳои хоридории худрав маълумот пайдо кунанд.

Чанд моҳ пеш дар кишвар бори аввал дар 40 сол кинотеатрҳо кушода шуданд. Интизор меравад, ки ба наздикӣ дар Арабистон театр ҳам пайдо мешавад.

Мавқеи занон дар ҷомеаи кишвар тағйир меёбад. Ба онҳо бори аввал иҷозаи  ба чорабиниҳои варзишӣ рафтан ва дар артиш хизмат карданро доданд.

Ҳамчунин ҷомеаи Арабистони Саудӣ ҳоло масъалаи бозии занон дар футболи ҳирфаӣ ва пӯшидани либоси миллии арабҳо — абайро баррасӣ мекунад.

Ҳамин тавр, вакили маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ Иқбол Дриндери аз чор бошгоҳи машҳури футболи Арабистони Саудӣ талаб кардааст, ки барои занон низ чинин тимҳои миллӣ ташкил карда шуда, дар он аз ҳисоби занон, футболбозони тавоно тарбия карда шаванд.

1 / 9
Аз дақиқаҳои аввали лағви таҳрими занон дар идораи худрав якбора садҳо занони ронандаи араб ба кӯчаҳои кишвар баромаданд
2 / 9
Расман идораи худрав ба занҳо мамнӯъ нашуда буд, аммо мақомоте ба занони араб шаҳодатномаи ронандагӣ намедод
3 / 9
Занони хушбахти Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ дар назди худравҳояшон селфӣ мегиранд
4 / 9
Занҳо якдигарро ба муносибати лағви таҳрими идораи худрав барои занон дар Арабистони Саудӣ шодбош мегӯянд
5 / 9
Зане аз хонаводаи шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз
6 / 9
Зане дар Арабистони Саудӣ дар даст шаҳодатномаи ронандагӣ
7 / 9
Занҳо имкон пайдо карданд, ки зуб ба ҷойи лозима зуд расанд - охир онҳо ҳам метавонанд худрав идора кунанд
8 / 9
Занони араб аввалин рӯзи ронандагии худро дар шаҳри Ал-Хубар таҷлил мекунанд
9 / 9
Албатта, сокиноне ҳам пайдо шуданд, ки бо ин қарори шоҳ норозӣ буданд, аммо шоҳигарӣ ваъда дод, ки нафаронеро ки аз фармони шоҳ саркашӣ мекунанд, ҷазо медиҳад