Дар Конибодом 25 ҳазор нафар бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд

Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар Конибодом 25 ҳазор нафар бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 27 июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.

Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои "Шимоли Тоҷикистон" бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шудааст.

Бо самимияти хоса: мардуми Конибодом раисҷумҳурро пешвоз гирифтанд

Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои "Шимоли Тоҷикистон" аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара гузаронида шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо дод.

Бино бар маълумоти омори ахир Конибодом беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.