"Кечирасиз, Равшанака": Уткин аз довари узбакистонӣ узр пурсид

Шореҳи варзишии рус Валерий Утикин аз довари узбакистонӣ Равшан Ирматов бахшиш пурсид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн —  Sputnik. Шореҳи варзишии рус Василий Уткин аз довари узбак Равшан Ирматов узрхоҳӣ кард.

Шоми 23 июн Василий Уткин дар Инстаграм акси Равшан Ирватовро гузошта, зери он шарҳе навишт.

"Равшан Ирматов — довари хуб аст.  Ман ба ӯ, хонаводааш, дӯстонаш ва дӯстони дӯстонаш саломатӣ мехоҳам. Бигзор ҳазор сола шаванд ва баре сулфа ҳам назанад", — навиштааст вай.

Вай ҳамчунин дар ин ёддошташ гуфтааст, ки касеро аз нигоҳи миллат раҷонидан намехост ва аз Узбакистон "дархости оштӣ" кард ва қайд кард, ки узбакон миллати хубанд.

"Равшанако, ман боварӣ надорам, ки шумо ба ин қазия аҳамият дода бошед. Агар шумо довар — баранда бошед,  боварӣ дорам, ки ҳастед, пас солҳои зиёд аст, ки нисбати худ бо ҳама забонҳо дашномҳои қабеҳ шунидаед ва медонед, ки онҳо маъние надоранд. Агар гуфтаҳои ман аз онҳо фарқ дошта бошанд, пас маро бубахшед, Равшанако", — навиштааст вай.

Шореҳи варзишии рус Василий Уткин дар рафти мусобиқоти Аргентина — Хорватия ҳаками узбак Равшан Ирматовро, ки бозиро доварӣ мекард, таҳқир карда буд.

Уткин аз он норозигӣ мекард, ки Ирматов корти зардро дар лаҳзаи муайян нишон надод ва ҷумлаи таҳқиромезе нисбати довар дар Твиттер навист.

Ёдрас мешавем, сабқат миёни тими Аогентина — Хорватия 21 июн дар варзишгоҳи шаҳри Нижний-Новгород баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими Аргентина ба анҷом расид.