Уткин дар Твиттер довари узбакистониро таҳқир кард

Дар рафти сабқати Аргентина-Хорватия шореҳи варзишии рус Василий Уткин дар саҳифаи Твиттер доварии Равшан Ирматовро таъна кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Шореҳи варзишии рус Василий Уткин дар рафти мусобиқоти Аргентина — Хорватия ҳаками узбак Равшан Ирматовро, ки бозиро доварӣ мекард, таҳқир кард.

Уткин аз он норозигӣ мекард, ки Ирматов корти зардро дар лаҳзаи муайян нишон надод ва ҷумлаи таҳқиромезе нисбати довар дар Твиттер навист.

Корбарони интернет аз ин изҳороти Уткин норизоянд. Бештари онҳо аз Уткин хоҳиш доранд, ки аз довари узбакистонӣ барои ин рафтори ноҷояш  узр пурсад.

"Ба фикри ман Уткин бояд барои ин муносибати дағалонааш нисбати довари узбак бахшиш пурсад", — менависад яке аз корбарон.

Ёдрас мешавем, сабқат миёни тими Аогентина — Хорватия 21 июн дар варзишгоҳи шаҳри Нижний-Новгород баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими Аргентина ба анҷом расид.