Генерал Назарзода намояндагони Созмони милали муттаҳидро ба Сарез бурд

Бо истифода аз таҷҳизоти насбшуда, авзоъ дар минтақаи кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон таҳти назорати 24 соатаи коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қарор дорад, таъкид доштааст Назарзода
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik.Теъдоде аз намояндагони Созмони милал аз кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон боздид карданд, гузирш медиҳад "Парс тудэй".  

Гуфта мешавад дар ин сафар меҳмонони хориҷиро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Назарзода ҳамроҳӣ кард.

"Генерал Рустам Назарзода,  дар ин боздид ба Наталя Горман, мудири дафтари дипломатии пешгиронаи Созмони милал дар Осиёи Марказӣ, Ҷилберт Ҳонго, мудири Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва ҳайъати чинӣ дар бораи падид омадани кӯли Сарез ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз тахриби он, иттилооте дод", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

КҲФ Тоҷикистон изҳороти Афғонистонро дар бораи Сарез рад кард

Вай таъкид кардааст, бо истифода аз таҷҳизоти насбшуда, авзоъ дар минтақаи кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон таҳти назорати 24 соатаи коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қарор дорад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Рӯзи ҷаҳонии об намои сохтмони Маҷмаъаи умумии Созмони миллали муттаҳидро бо тасвири кӯли Сарез оро дода буданд.

Рӯзи ҷаҳонии об бо қарори Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид аз соли 1992 ҳар сол 22 март баргузор мешавад.

Дар ин рӯз намои беруни сохтмони Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йоркро бо тасвире аз кӯли Сарез оро доданд, ки онро аккоси ҳунарии номдори тоҷик Акмал Усмонов падид овардааст.

Ин хабарро Акмал Усмонов дар сафҳаи фейсбукии худ мунташир карда буд.

Тасвире, ки намои сохтмони МУ СММ-ро оро медиҳад, "Аҳдаҳои хуфтаи Осиёи Марказӣ — кӯли Сарез. Мурғоб" ном дорад.

"Намояндагони Созмони милали муттаҳид аз ман дархост карданд иҷоза диҳам ин асарамро барои ороиши мавзуъи "Табиат ва об" дар нишастҳои СММ ба кор баранд. Ман ин дархостро пазируфтам ва иҷоза додам он тасвирро дар интишороти Созмони милал низ ба кор баранд", — навишта буд ҳунарманд дар сафҳааш.