“Комбинати шири Душанбе” дар Истаравшан намояндагии корхонаи худро боз кардааст

Дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи корхонаи коркарди шири “Асил”, ки намояндагии “Комбинати шири Душанбе” мебошад, баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан корхонаи коркарди шири "Асил" ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилоъи манбаъ, корхонаи мазкур намояндагии "Комбинати шири Душанбе" буда,  8 намуди маҳсулоти шириро истеҳсол менамояд.

"Корхонаи шири "Асил" дорои озмоишгоҳҳи муосир буда, тамоми маҳсулоти истеҳсолшудаашро санҷиш мекардааст", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Корхонаи "Асил" 20 нафарро бо ҷойи кор ва музди худ таъмин кардааст.