Миёни Тоҷикистону Узбакистон масири нави ҳаракати автобусҳо ифтитоҳ мешавад

То нимаи моҳи июли соли ҷорӣ заминаи ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар панҷ масири ҷадид фароҳам хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Узбакистон масири нави ҳаракати автобусҳо ифтитоҳ мешавад, хабар медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои Тоҷикистон.
 Бино бар иттилои манбаъ, мудири ширкати "Азия экспресс терминал" дар Душанбе гуфтааст, дар ҳоли ҳозир як масири ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд фаъол аст ва интизор меравад то як моҳи дигар панҷ масири ҷадид ифтитоҳ шавад.

Султон Камолов таъкид кардааст, масирҳои ҷадиди ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе — Деҳнав, Душанбе — Тирмиз, Панҷиканд- Самарқанд, Истаравшан- Бекобод ва Хуҷанд — Қуқанд бо мувофиқати мақомоти Узбакистон то як моҳи дигар ифтитоҳ мешавад.

"Қимати билет барои мусофирони сафар бо автобус аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Узбакистон  арзон аст. Зеро кирояи сафар аз шаҳри Панҷиканди Тоҷикистон ба Самарқанди Узбакистон  20 сомонӣ муқаррар шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ин қимат дар масирҳои Душанбе — Деҳнав 25 сомонӣ ва Душанбе — Тирмиз 50 сомонӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин музокира бо тарафи узбак барои мушаххас кардани кирояи роҳ дар масирҳои Истаравшан- Бекобод ва Хуҷанд — Қуқанд идома дорад.

Аз сӯйи дигар, 300 шаҳрванди Узбакистон дархост кардаанд, барои дармон дар обҳои шифобахши Тоҷикистон мунтазири рафтан ба ин кишвар бо автобус ҳастанд.