Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар Душанбе конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз ёфт

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ оид ба мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.