Раҳмон бо "Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ" сарфароз гашт

Раисҷумҳури Тоҷикистон сарфароз гаштан ба “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” –ро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку" маросими супоридани "Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ" ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Тавре дафтари матбуотии кишвардори Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мукофоти олиро ба раисҷумҳур намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳму нақши раисҷумҳур ва ҳукумати кишвар барои таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

"Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин дастовардро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, ки Ташкилоти Умиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо тамоку эълон кард.

Ин ташкилоти байналмилалӣ, рӯзи 31-уми май — дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи урупоии  ин ташкилот ном бурдааст.

ТУТ дар баёнияаш ёдоварӣ карда, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дода ва бо ибтикораш 2 январи имсол қонуне қабул шудааст, ки кашидани тамокуро дар  ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.

Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми  ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст.

Рекламаи тамоку низ иҷоза нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.