Грандҳои Бразилия ва Олмон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол натавонистанд пирӯз шаванд

Тимҳои беҳтарини дунё - Олмон ва Бразилия дар бозиҳои даври аввали гурӯҳашон пирӯз нашуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Тими миллии Мексика қаҳрамони феълии ҷаҳон — тими миллии Олмонро 1-0 шикаст дод.

Дар дақиқаи 35-ум варзишкори Мексика Ирвинг Лосано ба дарвозаи Нойер гол мезанад.

Обзор Мексика - Германия

Дар ҳамин ҳол тими миллии Бразилия, ки дорои беҳтарин бозигарони дунё мебошад, дастаи миллии Швейтсарияро натавонист шикаст диҳад, бозӣ бо ҳисоби 1-1 анҷом ёфт.

Бозии даври аввали ин гурӯҳ миёни дастаҳои Бразилия ва Швейтсария шоми 17 июн дар варзишгоҳи "Ростов Арена"-и шаҳри Ростови соҳили Дон баргузор шуд.

Дар дақиқаи 20-ум ҳисобро варзишкори Бразиля Коутинио боз кард. Аммо ҳамагӣ пас аз 30 дақиқа футболбози Швейтсария Стивен Тсубер ҳисобро баробар кард.

Бозӣ то охир хело муташанниҷ буд, аммо дастае ба дарвозаи ҳариф тӯб назад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан тими милли Аргентина низ натавонист дар майдони "Спартак"-и Маскав дастаи мунтахаби Исландияро шикаст диҳад.

Дар дақиқаи 64 Лионел Месси зарбаи ҷаримавиро зада натавонист, ки ҳисоби Аргентинаро метавонист як зина боло кунад. Ин лаҳзаи бозӣ барои мухлисон ва ҳаводорони Месси аҷиб буд.

Бозии Аргентина бо Исландия бо ҳисоби 1-1 анҷом ёфт.

Се бозии дигари имрӯз, 18-уми июн:

Гурӯҳи F. Швеқия — Кореяи Ҷанубӣ.

Гурӯҳи G. Белгия — Панама ва Тунис — Англия.