ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои баррасии шикояти сокинон ба маҳаллаи 1 май рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳр.
Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш сокинони ин мҳалла ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шикоят кардаанд, ки ширкати сохтмонии "Ҳусноро" сохтмони манзилҳояшон ба таъхир андохтааст.
Гуфта мешавад, Муҳаммадзода дар маҳаллаи 1 май бо масъулини дахлдор ва бошандагони маҳал мулоқот кард.
"Масъулини сохтмон гуфтанд, ки ду масъалаи асосӣ дар сохтмон ҳаллии худро наёфта буд ва бо ҳамин далел сохтмон ба таъхир афтода буд. Чанд рӯз қабл масъалаи хатти барқ баррасӣ карда шуд ва ҳалли худро ёфт. Мушкилоти обу ташноб низ ҳафтаи оянда ба пуррагӣ ҳал мешавад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Мудири кулли ширкати "Ҳусноро-1" Ван Рен Лин ваъда додааст, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ташхиси лоиҳаи сохтмон аз ҷониби идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасдиқи худро ёбад.
"Баъди хулосаи мусбати ташхис мо бо ширкати сохтмонӣ дар хусуси оғози сохтмон шартнома баста, ба зуддӣ сохтани биноҳоро оғоз менамоем. Барои анҷом додани корҳо сохтмонӣ маблағҳои кифоя дорем", — таъкид доштааст вай.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Ван Рен Лин дастур додааст, ки бинобар қисми аъзами ташхиси лоиҳаи сохтмон хулосаи мусбат ба даст оварданаш, бо пудратчии сохтмон шартномаро имзо ва корҳои омодагиро андешад.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як моҳ қабл иҷозати корҳои ҳамворкуниро дода буд. Мардум интизор ҳастанд, ки кай соҳиби бино мешаванд. Мо бояд корро тезонем", — таъкид доштааст раиси шаҳр.
Мудири кулли "Ҳусноро-1" гуфтааст, сокинон ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳо дода нашаванд.Ширкаташон бонуфуз аст. Шаҳрвандон метавонанд бо мушкилот ва саволҳояшон ба роҳбарияти ширкат муроҷиат намоянд ва дар навбати худ роҳбарияти ширкат ҳамарӯза онҳоро қабул ва аз раванди корҳо иттилоъ медиҳанд.