Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раванди аломатгузории марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ мешавад

Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе, масоили марбут ба таъйин ва аломатгузории марзҳои ду кишварро баррасӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Парс тудэй,  Тоҷикистону Қирғизистон марзи миён ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Музокироти мақомоти аршади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин хусус дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ ба муносибати оғози даҳаи байналмилалии "Об барои рушди пойдор" дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷараёни дидори ахири худ дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин, хостори ҳаллу фасли ҳар чи зудтари масоили марбут ба марзҳои ду кишвар шуданд.

Онон ҳамчунин хостори имзои тавофуқномаҳои марзӣ ва байнидавлатӣ дар заминаи мамнуъияти фаъолиятҳои кишоварзӣ дар хатти марзии ду кишвар то поёни таъйин ва аломатгузории марз шуданд.

Муовини нахуствазири Қирғизистон дар ҷараёни сафар ба Душанбе ҳамчунин дар Конфронси байналмилалӣ ба муносибати даҳаи байналмилалии "Об барои рушди пойдор барои солҳои 2018-2028", ки ба мизбонии Тоҷикистон дар рӯзҳои 20 то 22 июн дар пойтахти ин кишвар баргузор мешавад, ширкат мекунад.