Се голи Роналду дар як бозӣ бо тими мунтахаби Испания ӯро машҳуртар кард

Криштиану Роналду дар бозии тими Португалия ва Испания, ки 15 июн дар Сочи баргузор шуд, 3 маротиба ба дарвозаи ҳариф тӯб зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳамлагари тими мунтахаби футболи Португалия Криштиану Роналду аввалин шуда дар бозиҳои Ҷоми футболи ҷаҳон дар як бозӣ се гол зад. Ин муваффақияти футболбозро дар истилоҳи байналмилалӣ  хет-трик меноманд. Ҳамин тавр футболбози муваффақ дар ҷоми ҷаҳон низ аввалин шуда соҳиби хет-трик гашт.

Роналду ба дарвозаи тими Испания дар бозии гурӯҳи В, ки рӯзи панҷшанбе дар Сочи баргузор шуд, се гол зад. Мусобиқа бо ҳисоби 3:3 ба поён расид.

Роналду аллакай дар дақиқаҳои 4 бозиро кушод ва дар дақиқаҳои 44 ва 88 ду голи дигар зад.

Футболбози тими мунтахаби Испания Диего Коста ва Русия Денис Черишов баъди Роналду дар ҷойи дувуманд. Дар ҳисоби онҳо дар як бозӣ ду гол аст.