Аз намоз то идгардак: гузориши акси аз таҷлили иди Рамазон дар Тоҷикистон

Sputnik

Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз таътили умумӣ эълом шудааст.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Гузориши аксии вижаи Sputnik Тоҷикистон аз таҷлили ид  тамошо кунед.

1 / 13
Ҳазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд
2 / 13
Моҳи Рамазонро уламо моҳи ибодат, мағфират ва покизагӣ мегӯянд
3 / 13
Дар рӯзи ид тамоми масҷидҳои кишвар пур аз намозгузорон мешавад
4 / 13
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода мавъиза мегӯяд
5 / 13
Шӯрои уламо имсол эълом кард, ки вақти намози ид 06:00 бо вақти Душанбе аст
6 / 13
Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд
7 / 13
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад.
8 / 13
Фарорасии ид барои мусалмонон маънои ба итмом расидани рӯзаро дорад
9 / 13
пас аз намоз мардум барои идомаи таҷлили ид ба хонаҳояшон мераванд
10 / 13
Идгардак ва кӯдакон: тифлон бо шавқ ба хонаҳои дӯстону наздикон мераванд, то тӯҳфа гиранд
11 / 13
Бештар аз ҳама кӯдакон идро интизор мешаванд
12 / 13
Дар ҳар як хонадон кӯдаконро бо шодӣ пешвоз мегиранд
13 / 13
Мардум дар ин рӯз ҳамчунин ба сари мазори гузаштагонашон мераванд