Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом карда буд, ки иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн фаро мерасад.
Имрӯз мусалмонони кишвар таҷлили идро бо гузаштани намоз сар карданд.
Дар масҷиди марказии ҷомеи Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби Чархӣ намозро муфтии мусалмонони Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кард.
Раиси Шӯрои уламо тамоми ҳозирон ва мардуми Тоҷикистонро бо фаророрасии ин иди муқаддас шодбош гуфт.