ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Тоҷикистону Қувайтро вазъи Афғонистон нигарон кардааст. Ин мавзӯъ дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қувайт ва муовини Вазири корҳои хориҷаи Қувайт баррасӣ гардид.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовинони вазири корҳои хориҷаи Кувайт Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон ва Носир Абдуллоҳ ал — Ҳин дидору мулоқот анҷом додаааст.
"Зимни мулоқот тарафҳо аз вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт ошно шуда ва дар бораи вазъияти Ховари Миёна ва Афғонистон ибрози назар карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дафтари матбуотӣ афзудааст, ҳарду ҷониб дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ширкати намояндаи Кувайт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони оғози даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор 2018-2028"-ро ёдрас шуданд.
Дар ҳамин ҳол, тарафҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии байни Тоҷикистон ва Қувайтро бояд рушд дод.