Бознишастае аз Олмон бо трактор ба Маскав омад (НАВОР)

Бознишастае аз Олмон бо трактор барои тамошои Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон ба Русия омад
Sputnik

Барои тамошои ҷоми футболи ҷаҳон мухлисони футбол аз тамоми ҷаҳон ба Русия омаданд.

Ҳуберт Вирт — бознишастаи 70-солае аз Олмон бо тарктори соли бароришаш 1936 ба Маскав расид.

Барои расидан ба маросими ифтитоҳи бозӣ, мард чанд рӯз пештар ба сафар баромадааст. Ӯ то Маскав 2,5 ҳазор километрро тай кардааст. Ин марди пиронсоли олмонӣ бо худ сагашро низ овардааст.